ШАРОИТИ МУСОИД БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ СУДҲО

Январь 11, 2011 09:45

    Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои котиби матбуотии Шӯрои адлияи ҶТ, дар соли 2010 барои беҳсозии шароити фаъолияти судҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ дар таъмиру барқарорсозии биноҳои судҳо, хариди маводи хоҷагию идорӣ, мебелу таҷҳизоти корӣ, таъмини сӯзишворӣ ва дигар хароҷоти хизматрасонии коммуналӣ 1 млн. 574 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст.     Ба гуфти ҳамин манбаъ, то имрӯз барои сохтмони бинои суди ноҳияи Восеъ ба маблағи 932 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро шуда, иншооти мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Барои сохтмони бинои суди ноҳияи Ванҷ, ки бар асари заминларзаи моҳи январи соли 2010 пурра хароб гардида буд, лоиҳаи сохтмонӣ ба маблағи 1 млн.30 ҳазор сомонӣ омода гардида то оғози моҳи январи соли 2011 ба арзиши 100 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтаанд.    Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2010 биноҳои суди ноҳияи Нуробод ва шаҳри Исфара бо тамоми шароити мусоиди корӣ ба истифода дода шуданд. 

Январь 11, 2011 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид