ШЕЪРДӮСТ: АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶТ МАКОНИ МУҚАДДАС АСТ
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Гулрӯ Ниёзова).-Дар бинои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Утоқи фарҳанги Эрон» кушода шуд. Дар маросими кушодашавии он президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшо Илолов ва сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст иштирок намуданд. Он аз се утоқи корӣ иборат буда, дорои теъдоди зиёди китобҳои фарҳангӣ мебошад, ки барои истифодаи онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳадафи кушодашавии ин утоқи фарҳангиро сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст бахшида ба 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариши робитаҳои илмиву фарҳангӣ арзёбӣ кард. Номбурда дар суханрониаш аз ҷумла зикр намуд, ки «Мо ба Академияи илмҳои Тоҷикистон чун ба як макони муқаддас менигарем. Мо на танҳо дар бахши адабиёт ва фарҳанг, балки дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкорӣ дорем».








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






