СОҲИБИ ШАБАКАИ ВАРЗИШӢ МЕШАВЕМ?

Январь 12, 2011 14:31

    Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии варзишӣ ба фаъолият мепардозад. Дар ин бора директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Лутфулло Давлатов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.   «Консепсияи шабакаи мазкур ҳанӯз таҳия нашудааст, вале таъсиси чунин шабака дар кишвар ба нақша гирифта шудааст», — иброз намуд Л. Давлатов.   Ҳамзамон, ҳоло кормандони шабакаи ТВ «Сафина» ба таҳияи як қатор лоиҳаҳои телевизионӣ, ки ба таҷлили 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд, машғуланд.   «Мо ҳамчунин ният дорем бахшида ба ин санаи муҳим якчанд филми ҳуҷҷатӣ ба навор бардорем»,- гуфт директори ТВ «Сафина».   Ёдовар мешавем, ки айни замон барномаҳои ТВ «Сафина»-ро қариб 80 фоизи аҳолии кишвар тамошо менамоянд. 

Январь 12, 2011 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид