СОХТМОНИ 38 МАКТАБ БО МАБЛАҒГУЗОРИИ БМИМТ
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) доир ба фаъолияти худ дар соли 2010 дар доираи татбиқи марҳилаи 2-юми барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» нишасти матбуотӣ доир намуд. Дар он директори иҷроияи БМИМТ Саидаҳмад Мирзоев дар бораи барномаи мазкур иттилоъ дода, қайд намуд, ки он бо мақсади беҳтар намудани шароити таълим дар мактабҳои таълимоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ дар минтақаи фарогири барнома бо роҳи қисман бунёд кардани инфрасохтори васеи мактабӣ бо истифода аз сифати мувофиқ тарҳрезӣ шудааст. Тибқи иттилои С. Мирзоев барнома бояд то 30-юми апрели соли 2013 амалӣ гардад. Марҳилаи дуюми барнома 20 ноҳияро дар вилояти Хатлон дарбар мегирад. Маблағгузории давраи дуюм 13 миллиону 578 ҳазор евроро ташкил медиҳад ва дар доираи ин марҳила 38 лоиҳа пешбинӣ шудааст. Айни ҳол, БМИМТ дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ амал мекунад. Азхудкунии маблағҳо аз оғози татбиқи лоиҳа зиёда аз 30 ҳазор доллари ИМА- ро ташкил медиҳад, ки ин 93% -и нақшаи пешбинишуда мебошад.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






