СУҒД 2394 ЗАНИ РОҲБАР ДОРАД
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Баҳри татбиқи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2016» дар вилояти Суғд як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд. Бо мақсади фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои ба пуррагӣ зоҳир намудани қобилияти занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва ба ин васила таъмини рушди устувори ҷомеа, васеъ намудани фаҳмишу аҳамияти арзишу татбиқи сиёсати гендерӣ, ташаккули биниши нав нисбати хусусиятҳои муносибати иҷтимоӣ байни мардон ва занон, фароҳам овардани шароиту кафолатҳо барои ташаккули иҷтимоии занон ва ҳарчи бештар амалӣ гардидани нерӯи онҳо ба манфиати тамоми ҷомеа дар сатҳи вилоят «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳури Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» қабул гардид. Дар натиҷаи амалигардонии сиёсати гендерӣ намояндагии занон ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилоят ба 5 нафар расид. Ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 12 нафар занон интихоб шуданд, ки 17,9 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда аз соли 2005-ум 2 фоиз боло рафтааст. Намояндагии занон дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ 2,4 фоиз ё 14 нафар афзудааст. Дар ҳайати вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти вилояти Суғд 464 нафар занон намояндагӣ доранд, ки ба 16,6 фоиз баробар аст. Шумораи занони роҳбар дар вилоят ба 2394 нафар расидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.