ТАНЗИМИ ҶАШНҲОИ НОҲИЯИ ҒАФУРОВ

Январь 14, 2011 13:50

    Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тибқи маълумоти оморӣ дар ноҳияи калонтарини вилояти Суғд соли сипаригашта 5 413 маърака баргузор гашт, ки аз онҳо 3 095 тӯйи арӯсӣ, 1 262 хатнасур ва боқимонда маросими мотам мебошанд. Хароҷоти умумии маъракаҳо 18983,5 ҳазор сомониро ташкил додаву он ба ҳисоби миёна ба ҳар маърака 3,5 ҳазор сомонӣ рост меояд.   Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва соҳибкорону саховатмандон 5 тӯйи арӯсиву домодӣ ва 210 хатнасури фарзандони оилаҳои камбизоат ва серфарзанд гузаронида шуд. Ин нукта дар нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хабарнигорони васоити ахбори омма расонида шуд.      Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд. 

Январь 14, 2011 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид