ТАСХИРГАРИИ ФАВВОРАИ РОҒУН
Душанбе, 12 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори 20 –умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун боғи фарҳангу фароғатӣ бунёд мегардад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси шаҳри Роғун Муҳайё Юнусова иттилоъ дод. Боғи марказии фарҳангии шаҳр дар масоҳати беш аз 1 гектар доман густурда, бо чархофалакҳо ва дигар воситаҳои дилхушию фароғатӣ ҷиҳозонида шудааст ва он барои сокинони Роғуншаҳр тӯҳфаи хуб мегардад. Инчунин, бахшида ба ҷашни Истиқлолият дар маркази шаҳр меҳмонхона ва фаввора сохта мешавад, ки ба ҳусни шаҳр шукӯҳи хосса зам хоҳанд намуд. Муҳайё Юнусова афзуд, ки теъдоди иншооти ҷашнии дар шаҳри Роғун ба нақша гирифта шуда беш аз 15 адад буда, барои сохтмони он аз буҷаи шаҳр зиёда аз 14 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бунёди иншооти ҷашнии шаҳр аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ ба анҷом мерасад. Теъдоди бештари сохтмонҳои ҷашнӣ иншооти ба бахши тандурустию фарҳанг, маориф, беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии шаҳр марбут аст. Аз ҷумла, сохтмони обанбори оби нӯшокӣ дар ҷамоати шаҳраки Обигарм, сохтмони хонаи фарҳанги шаҳр, ки дорои осорхона, китобхона, бойгонӣ ва маркази эҷодии бачаҳо аст, сохтмон ва ба истифода додани бинои дуввуми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ барои 180 ҷой, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди мактаби №30, таъмири асосии беморхонаи марказии шаҳр, таъмир ва барқароркунии шабакаҳои гармидиҳии биноҳои бисёрошёнаи истиқоматии шаҳр ва толори варзишии шаҳр аз ҳамин қабиланд. Инчунин, ҷиҳати ободонии шаҳр беш аз 10 км роҳҳои автомобилгарди дар самти шаҳр қарор дошта ва роҳҳои дохилӣ, ки шаҳрро бо деҳкадаҳои Ғофилободу Навобод мепайванданд, таъмир мегарданд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






