ТАТБИҚИ 13 ЛОИҲАИ ИНВЕСТИТСИОНӢ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

Январь 18, 2011 17:17

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Дар Паёми соли 2010-уми  Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба рушди минбаъдаи соҳаи энергетика ва тадбирҳои дар ин самт андешидаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муфассал баён гардид. Тамоми иқдоми то имрӯз амалигардида баёнгари онанд, ки тараққӣ додани соҳаи гидроэнергетика ҳамчун омили пешбарандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлати мо мебошад. Зеро мо танҳо ба ҳамин васила метавонем эҳтиёҷоти аҳолии мамлакатро дар солҳои наздик бо нерӯи барқ таъмин намоем ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин созем, иброз дошт зимни суханронии ҷамъбасти сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.   Ҳоло дар соҳаи энергетика бо ҷалби маблағҳои давлатӣ ва сармоягузории хориҷӣ 13 лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 3 миллиарду 720 миллион сомониро ташкил медиҳад, тазаккур дод Президенти мамлакат.    Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки  рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон аз истифодаи самараноки захираҳои бойи табиӣ ва дар ин замина бо истифодаи васеъ аз ашёи хоми маҳаллӣ вусъат додани истеҳсолоти саноатӣ вобастагии калон дорад. Истифодаи қаъри замин ва саноати маъдан соҳаҳое ҳастанд, ки метавонанд дар муддати кӯтоҳтарин ҳаҷми зиёди сармояи мустақими хориҷиро ҷалб намуда, ҷиҳати таъмини рушди сифатан нав ва диверсификатсияи бахши воқеии иқтисодиёти кишвар, баланд гардидани рақобатнокӣ ва иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва зиёд гардидани даромаднокии буҷет мусоидат намоянд.  Лекин бо вуҷуди дастовардҳои муайян соҳаи истифодаи қаъри замин бо сабаби дастрасии маҳдуди маълумоти геологӣ ва шаффоф набудани тартиби додани иҷозатномаҳо то ба ҳол ба омили пешбарандаи иқтисодиёт мубаддал нагаштааст, гуфт дар охир Сарвари давлат.  

Январь 18, 2011 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад