ТАТБИҚИ 13 ЛОИҲАИ ИНВЕСТИТСИОНӢ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Дар Паёми соли 2010-уми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба рушди минбаъдаи соҳаи энергетика ва тадбирҳои дар ин самт андешидаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муфассал баён гардид. Тамоми иқдоми то имрӯз амалигардида баёнгари онанд, ки тараққӣ додани соҳаи гидроэнергетика ҳамчун омили пешбарандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлати мо мебошад. Зеро мо танҳо ба ҳамин васила метавонем эҳтиёҷоти аҳолии мамлакатро дар солҳои наздик бо нерӯи барқ таъмин намоем ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин созем, иброз дошт зимни суханронии ҷамъбасти сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҳоло дар соҳаи энергетика бо ҷалби маблағҳои давлатӣ ва сармоягузории хориҷӣ 13 лоиҳаи инвеститсионӣ татбиқ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 3 миллиарду 720 миллион сомониро ташкил медиҳад, тазаккур дод Президенти мамлакат. Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон аз истифодаи самараноки захираҳои бойи табиӣ ва дар ин замина бо истифодаи васеъ аз ашёи хоми маҳаллӣ вусъат додани истеҳсолоти саноатӣ вобастагии калон дорад. Истифодаи қаъри замин ва саноати маъдан соҳаҳое ҳастанд, ки метавонанд дар муддати кӯтоҳтарин ҳаҷми зиёди сармояи мустақими хориҷиро ҷалб намуда, ҷиҳати таъмини рушди сифатан нав ва диверсификатсияи бахши воқеии иқтисодиёти кишвар, баланд гардидани рақобатнокӣ ва иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва зиёд гардидани даромаднокии буҷет мусоидат намоянд. Лекин бо вуҷуди дастовардҳои муайян соҳаи истифодаи қаъри замин бо сабаби дастрасии маҳдуди маълумоти геологӣ ва шаффоф набудани тартиби додани иҷозатномаҳо то ба ҳол ба омили пешбарандаи иқтисодиёт мубаддал нагаштааст, гуфт дар охир Сарвари давлат.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






