ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГИИ КИШВАР
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – «Айни ҳол дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 263 рӯзнома ва 135 маҷаллаи давлатию хусусӣ ба қайд гирифта шудаанд.Тибқи барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар солҳои 2007 -2010 айни ҳол 102 нафар донишҷӯён дар хориҷи кишвар аз рӯи 27 равия таҳсил менамоянд»,- иброз дошт ба хабарнигорони ВАО зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Достиев. Дар нишаст зикр гардид, ки вазорат баҳри сазовор гузаронидани иди байналмилалии Наврӯз, Фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2011», Ҷашнвораи байналмилалии театрии «Наврӯз-2011», Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон, Фестивал-симпозиуми «Шашмақом», Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, намоишу конфронсҳо, сатҳи арзандаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои ҷумҳуриявии байналхалқӣ тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ, донишу малакаи аҳли соҳаро равона ва татбиқи сиёсати фарҳангии кишварро таъмин менамояд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






