ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГИИ КИШВАР

Январь 20, 2011 11:00

    Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). – «Айни ҳол дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 263 рӯзнома ва 135 маҷаллаи давлатию хусусӣ ба қайд гирифта шудаанд.Тибқи барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар солҳои 2007 -2010 айни ҳол 102 нафар донишҷӯён дар хориҷи кишвар аз рӯи 27 равия таҳсил менамоянд»,- иброз дошт ба хабарнигорони ВАО зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Достиев.   Дар нишаст зикр гардид, ки вазорат баҳри сазовор гузаронидани иди байналмилалии Наврӯз, Фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2011», Ҷашнвораи байналмилалии театрии «Наврӯз-2011», Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон, Фестивал-симпозиуми «Шашмақом», Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, намоишу конфронсҳо, сатҳи арзандаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои ҷумҳуриявии байналхалқӣ тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ, донишу малакаи аҳли соҳаро равона ва татбиқи сиёсати фарҳангии кишварро таъмин менамояд.

Январь 20, 2011 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад