«ТОҶИКМАТЛУБОТ» ИМКОНИ ТАЪМИНИ БОЗОРҲО БО МАҲСУЛОТРО ДОРАД?

Январь 19, 2011 11:18

Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Тоҷикматлубот» имрӯз имкони пурра таъмин намудани бозорҳои ҷумҳуриро бо меваи тару тозаи ватанӣ надорад», — тазаккур дод зимни нишасти матбуотӣ, 19 январ раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев. Ӯ афзуд, ки Раёсати «Тоҷикматлубот» тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати пурра таъмин намудани бозорҳои дохилӣ бо меваи худӣ чораҳои муассир андешида, захира ва коркарди меваро ба роҳ монад. «Бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир бунёди боғу токзор дар қаламрави ҷумҳурӣ вусъат ёфта, истеҳсоли мева низ зиёд мегардад. Аз ин рӯ, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки дар давоми як ё ду соли наздик метавонем бозорҳои ҷумҳуриро пурра бо меваи худӣ таъмин намоем. Дар баробари ин имкон фароҳам меояд, ки меваҳои Тоҷикистон ба хориҷи кишвар низ содирот шаванд. «Бо мақсади дар тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 таъмин намудани аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза 50 адад гармхона омода шуда, дар онҳо помидор, бодиринг, гулкарам, карам ва кабудиҳо парвариш ёфта истодаанд, ки теъдоди онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 адад зиёд мебошад», — гуфт дар хотима С. Валиев.

Январь 19, 2011 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид