«ТОҶМАҲАЛ» ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Намояндагони Лигаи Хуҷандии Хушдилон ва Ҳозирҷавобон дар даври аввали Фестивали байналхалқии ҳозирҷавобон, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуда, миёни 106 даста мақоми 5-умро сазовор шуданд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо мақсади сафарбар намудани дастаи Лигаи Хуҷандии Хушдилон ва Ҳозирҷавобон ба фестивали байналхалқии ҳозирҷавобон ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия аз ҳисоби бақияи озоди буҷети вилоятӣ 24 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд. Ёдовар мешавем, ки дастаи яккачини Лигаи Хуҷандии Хушдилон ва Ҳозирҷавобон аз соли 1995 таҳти унвони «Бригада 003» баромад карда, баъдан номи «ТОҶмаҳал»-ро гирифт.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






