ВАЗЪИ КИШТ ВА ЗАХИРАИ ТУХМИИ ЗИРОАТ ДАР СУҒД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд то 1 январи соли 2011 85 897 гектар майдон шудгор гардид, ки аз он 26 306 гектараш майдони пахта мебошад. Дар ин бора ба мо аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят то ин муддат дар 1 320 гектар кишти барвақтӣ гузаронида шудааст, ки аз он 1 316 гектараш пиёз, 3 гектараш сабзавот ва 1 гектараш сирпиёз мебошад. Дар соли сипаригашта барои кишти ҳосили нав корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба қадри кофӣ тухмии зироатро захира карданд, ки тухмии ғалладона ва лӯбиёгӣ – 4039,4 тонна, аз ҷумла гандум – 3095,9 тонна, ҷав – 620,6 тонна, тритикалӣ — 2,8 тонна, ҷавдор — 10,6 тонна, ҷавсар — 32,2 тонна, шолӣ – 267,3 тонна, ҷуворимакка – 90,4 тонна, лӯбиёгиҳо – 10 тонна, картошка – 5762,3 тонна, сабзавот – 1,5 тонна, полизиҳо – 95,8 ва чигит — 271,1 тонна мебошад.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






