ВУСЪАТИ РОБИТАҲОИ АРАБИСТОНИ САУДӢ БО ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори мамлакати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд эътимоднома қабул намуд. Пас аз мулоқот Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд андешаҳояшро мухтасар ба хабарнигорон иброз намуда гуфт, ки имрӯз ман шарафёб шудам эътимодномаро ба Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорам ва паёми шоҳи Арабистонро ба эшон расонам. Сӯҳбати мо хеле тулонӣ буда, он асосан ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ бахшида шуд. Сафир зикр намуд, ки албатта ҳамкориҳо ва муносибатҳои Арабистони Саудӣ бо Тоҷикистон нав нестанд ва умед аст, ки тавассути кӯшишҳои мо ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳамкориҳои дуҷониба рушду густариш меёбанд. Ба назари ман алоқа ва иртиботи исломии муштараки ин ду кишвар муҳимтарин самтҳои ҳамкорӣ арзёбӣ мегарданд. Дар ояндаи наздик имкон ҳаст, ки сармоягузорӣ дар ҳамаи соҳаҳо сурат гирад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






