ВУСЪАТИ РОБИТАҲОИ АРАБИСТОНИ САУДӢ БО ТОҶИКИСТОН

Январь 24, 2011 15:06

   Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори мамлакати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд эътимоднома қабул намуд.    Пас аз мулоқот Бандар Муҳаммад Ҷамил Аҳмад Маҳмуд андешаҳояшро мухтасар ба хабарнигорон иброз намуда гуфт, ки имрӯз ман шарафёб шудам эътимодномаро ба Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорам ва паёми шоҳи Арабистонро ба эшон расонам. Сӯҳбати мо хеле тулонӣ буда, он асосан ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ бахшида шуд.   Сафир зикр намуд, ки албатта ҳамкориҳо ва муносибатҳои Арабистони Саудӣ бо Тоҷикистон нав нестанд ва умед аст, ки тавассути кӯшишҳои мо ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳамкориҳои дуҷониба рушду густариш меёбанд.   Ба назари ман алоқа ва иртиботи исломии муштараки ин ду кишвар муҳимтарин самтҳои ҳамкорӣ арзёбӣ мегарданд. Дар ояндаи наздик имкон ҳаст, ки сармоягузорӣ дар ҳамаи соҳаҳо сурат гирад. 

Январь 24, 2011 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид