ҲАРАКАТ ДАР ШОҲРОҲИ ХУҶАНД-ДУШАНБЕ МӮЪТАДИЛ АСТ

Февраль 10, 2011 11:00

   Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳаракати нақлиёт дар минтақаи шимолии шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе то нақби «Истиқлол» мӯътадил аст. Дар ин бора мудири шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Қобилҷон Усмонов иттилоъ дод.   Мавриди ёдоварист, ки санаи 9-уми феврал бар асари фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракати мошинҳо ба самти шимоли кишвар манъ шуда буд.   Тармафароӣ асосан дар километри 65, 67, 71, 73-и минтақаи ҷанубии шоҳроҳ ба миён омадааст. Айни замон корҳои тоза намудани шоҳроҳ босуръат идома дорад.    Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳаракати нақлиёт ба самти минтақаи Зарафшон аз маркази вилояти Суғд қатъ нагардидааст.

Февраль 10, 2011 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад