ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ ВАО-И МУСТАҚИЛ САРФИ НАЗАР МЕШАВАНД

Февраль 24, 2011 12:16

Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз ҳуқуқвайронкуниҳои зиёди нашрияҳои мустақил барои фаъолияти ягон нашрия монеъ нагардидааст», — гуфт вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар ҷараёни мизи мудаввар таҳти унвони «Рушди озодии сухан ва ВАО дар давоми 20 соли Истиқлолият», ки имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони ҳафтанома  ва маҷаллаҳои давлативу хусусӣ ва коршиносони соҳа баргузор гардид. М.Асрорӣ изҳор дошт, ки дар ин хусус боре ҳам расман изҳорот ё огоҳӣ надодааст ва фаъолияти онҳоро қатъ ҳам накардааст. «Баҳсҳое, ки бинобар норизогии тарафҳо, яъне нашрия ва объекти танқидшаванда ба миён меоянд ва аз тариқи судҳо ҳал мегарданд, маънои монеаэҷодкунии ҳукуматро надорад… Норизоӣ ва эътирозҳое, ки  созмонҳои журналистон ва нашрияҳои мустақил  нисбат ба озодии сухан баён мекунанд, беасос мебошанд. Бо дарки масъулият изҳор менамоям: озодии сухане, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол вуҷуд дорад, дар бисёр кишварҳои минтақа дида намешавад», — таъкид намуд ӯ. Дар мизи мудаввар раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов роҷеъ ба норасоии кадрҳои журналистика, паҳнкунии рӯзномаҳо дар байни мардуми оддӣ ва дигар дастовардҳову мушкилоти соҳаи ВАО ибрози андеша карда, пешниҳод намуд, ки ВАО-е, ки қоидаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони тоҷикӣ»-ро вайрон мекунанд, ҷарима баста шаванд. «Чаро имрӯз аксарияти ВАО, бахусус, ВАО-и мустақил аз қонуни андоз метарсанд ва нуқтаҳои муҳими қонуни забонро риоя наменамоянд?», — пурсид  А. Сатторов аз ҳозирин.          Дар нишаст байни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифта, паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти  ВАО муҳокима ва баррасӣ гардид.

Февраль 24, 2011 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд