АМАЛИШАВИИ ӮҲДАДОРИҲОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ

Февраль 15, 2011 09:15

   Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) ва намояндагии Ассотсиатсияи олмонии «Каритас» дар ҶТ, бо назардошти рушди минбаъдаи сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатие, ки ба аҳолии Тоҷикистон хизматрасонии иҷтимоиро пешниҳод менамоянд, чанде пештар Ёддошти тафоҳум (Меморандум) оид ба ҳамкорӣ дар самти пешниҳод намудани хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолиро ба имзо расониданд.    Бо мақсади амалӣ гардонидани ӯҳдадориҳое, ки дар Ёддошти тафоҳум оварда шудаанд, дар бинои асосии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» барои хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолони яккаю танҳо, шахсони имконияташон маҳдуд, ба кӯдакон ва ҷавонони эҳтиёҷманд ҳамарӯза хизматрасонии иҷтимоӣ расонида мешавад. Ба эҳтиёҷмандон ҳамчунин мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ва равоншиносӣ хизмат мерасонанд. 

Февраль 15, 2011 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад