АВТОМАШИНА БА ДАРЁ АФТИД
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 6 феврали соли ҷорӣ тахминан соатҳои 20. 30 дақиқа дар километри 121-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар мавзеи Сафедораки ноҳияи Айнӣ автомашинаи тамғаи «Муссо» рақами давлатиаш ВТ 17-66 01 РТ ба дарё афтид. Бар асари ин ҳодиса 3 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, 1 нафар ҳалок ва 2 нафар бедарак гардид. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 7 феврал дастаи зудамали ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ҷасади яке аз бедаракшудагон- ронандаи автомашинаро аз даруни дарё дарёфт намуд. Кофтукови нафари дигар идома дорад.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






