БОЗДОШТИ ДУ ШАҲРВАНДИ АФҒОНИСТОН
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз ду шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 60 килогармм маводи нашъадорро мусодира намуданд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, чанде қабл дар ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон дар рафти як амалиёти махсус аз истиқоматкунандаи вилояти Қундузи ҶИА Бисмиллоҳ валади Тохтар 26 килограмм бангдона мусодира намуданд. Инчунин, худи ҳамон рӯз дар ноҳияи Панҷ боз як истиқоматкунандаи вилояти Қундузи ҶИА Ахтармаҳмад валади Ҳабибуллои 18 соларо дастгир намуданд, ки аз ӯ 33 килограмм бангдона мусодира гардид. Оид ба ин қазияҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






