ДАР ФАРХОР СИЛРО ПЕШГИРӢ МЕНАМОЯНД
Фархор, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Фархор барои пешгирии бемории сироятии сил аз тарафи мутахассисони соҳаи тибби ноҳия тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ҳазратқул Кавгов- директори маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳия вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки айни ҳол 113 нафар гирифторони ин беморӣ дар беморхона муолиҷа мегиранд. Ба гуфтаи манбаъ барои беморон шароити лозимӣ фароҳам оварда шуда, онҳо бо доруҳои зиддисилӣ таъмин мебошанд. Барои таъмини шароити хуб баҳри беморон аз буҷаи маҳаллӣ 50 адад матрас, 50 дона болишт, 50 рӯйпӯш, 6000 сомонӣ барои барқарор кардани бино ва хариди таҷҳизоти ренгенӣ, инчунин 900 сомонӣ барои ба ҳолати аввала баргардонидани гармхона маблағ ҷудо гардидааст. Ҳазратқул Кавгов афзуд, ки барои бартараф сохтани ин бемории сироятӣ дар ноҳия гурӯҳи махсус таъсис дода шудааст, ки ин гурӯҳ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва ҷамоатҳои деҳот барои ташвиқу тарғиб сафарбар гардида, бо мактаббачагон ва шаҳрвандон вохӯрӣ мегузаронад.








Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






