ДАЪВАТИ МУШТАРИЁН БАРОИ ҲАМКОРӢ БО «БАРҚИ ТОҶИК»

Февраль 9, 2011 16:15

  Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар»,  Мавзуна Бойева). — Вобаста ба тадбирҳое,  ки дар асоси дастуру супоришҳои  Ҳукумати ҶТ  аз ҷониби ширкати «Барқи Тоҷик» дар давраи тирамоҳу зимистон андешида  шуд, имсол таъмини аҳолӣ бо барқ дар кишвар беҳтар гардид.   Дар моҳи январи соли ҷорӣ  ҳар рӯз ба ҷои 50,5 миллион кВт/соат, ки дар ҷадвали лимити тасдиқнамудаи Ҳукумати ҶТ пешбинӣ мегардид, ба муштариён 52,5 миллион киловатт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд. Хотиррасон менамоем, ки ин нисбат ба моҳи январи соли 2010 ҳар рӯз ба қадри 6 миллион кВт/соат зиёд аст.  Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори  маркази  матбуоти ШСХК  «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ иттилоъ дод. Дар лимити нерӯи барқ барои  моҳи феврал интиқоли барқ мувофиқи ҷадвали мазкур боз як миллион киловатт/ соат зиёд гардид. Воқеан ҳам ширкати «Барқи Тоҷик» ният дорад , ки дар моҳҳои боқимонда аҳолии кишварро боз ҳам бештару беҳтар бо барқ таъмин намояд. Мутаассифона, пардохти маблағи нерӯи барқи истифодашуда ба миқдори барқи интиқолшуда мувофиқат намекунад.  Моҳи гузашта ба маблағи 130,2 миллион сомонӣ барқ интиқол дода шуда буд, ки танҳо 77,3 миллион сомонӣ ё худ 59,4 фоизи он пардохт  гардид. Вобаста ба ин ҳолат ширкат тасмим гирифтааст, ки минбаъд барои минтақа ва ноҳияҳои алоҳида ҳамчун тадбири огоҳнамоӣ интиқоли барқро нисбатан маҳдуд намояд. Корхонаҳое, ки  аз ширкат  маблағи калон қарздоранд, пешакӣ ба тариқи хаттӣ огоҳонида шуда, аз истифодаи барқ то пардохти маблағи қарз маҳрум   мешаванд. Инчунин дар заминаи он ки дар ШСХК «Барқи Тоҷик» соли 2011 «Соли насби ҳисобкунак ва шаффофияти ҳисобу китоб» эълон шудааст, ба хотири тақсими  боадолатонаи  нерӯи барқ худи  муштариёни нерӯи барқ  ба  ҳамкорӣ даъват мешаванд. Санҷишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  далелҳои  истифодаи ғайриқонунии барқ ва ғорати он хеле зиёданд, ки инро метавон ҳамчун зарар ба тамоми ҷомеа ва хиёнат ба манфиати давлат маънидод намуд.   Мо тахмин карда метавонем, ки ба ғорат шудани барқ баъзе кормандони системаи энергетикӣ, ки бевосита бо пардохти маблағи  барқи  муштариён  сарукор доранд, шариканд, таъкид намуд Н. Ёдгорӣ.    Ширкати «Барқи Тоҷик» бо камоли эҳтиром аз муштариён – аҳолии кишвар, намояндагони ВАО, зиёиён, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа  хоҳиш  менамояд, ки бо онҳо  ҳамкорӣ намуда, вобаста ба ҳар  ҳодисаи ғорати барқ ва ҳар гумону шубҳае, ки доранд,   муроҷиат намоянд.  Ширкат  мувофиқи хоҳиш  ифшо нашудани ному насаби онҳоро пурра кафолат медиҳад. Ширкати «Барқи Тоҷик» тасмим гирифтааст, ки ғоратгарони барқро ошкор намуда, ба замми муҷозоти молиявӣ, ному насаб ва мансабу вазифаашонро тавассути матбуот ва телевизиону радио эълон намояд ва ба мақомоти интизомӣ ҳуҷҷатҳои  заруриро пешкаш намояд. Телефонҳо барои тамос 378835511, 378835522, 295-480. Ин телефонҳо ба таври шабонарӯзӣ фаъоланд.         Ҳамдиёрони гиромӣ, мо боварӣ дорем, ки ҳар муроҷиати шумо пеш аз ҳама ба худи шумо, сипас ба системаи энергетикии кишвар ва дар маҷмӯъ барои тамоми ҷомеа манфиати беандоза мебахшад.

Февраль 9, 2011 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад