ФАРХОР БОЗОРҲОРО БО САБЗАВОТИ БАРВАҚТӢ ТАЪМИН МЕНАМОЯД

Февраль 28, 2011 16:07

   Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин, бунёди боғҳои содиротӣ, таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулоти дохилӣ аз ҷониби сокинони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.    Кормандони ташкилоти ҷамъиятии «Нигора» дар ҳамкорӣ бо созмони «Нури Хатлон» дар масоҳати 0,25 га 10 адад гармхона ташкил намуда, ба парвариши сабзавоти барвақтӣ машғуланд.    Мавриди зикр аст, ки ин иқдом аз як ҷиҳат ба ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ боис гардад, аз ҷиҳати дигар ба ин васила 10 оила бо ҷойи кор таъмин гардид.     Бояд тазаккур дод, ки ин ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо дастгирии ҷавонони маҳаллӣ дар ҷамоати Дарқад як варзишгоҳ бунёд намуда, варзишгарони ҷамоатро бо  либоси варзишӣ таъмин намуданд.

Февраль 28, 2011 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд