МАҲСУЛОТИ АРЗОНИ «ТОҶИКМАТЛУБОТ» ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Ҳадафи асосии ташкили ярмаркаҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби матлуботчиёни минтақаи Кӯлоб пеш аз ҳама ба танзим даровардани нархи маводи хӯрокворӣ мебошад. Бо ин мақсад дар бозори «Саховат»- и шаҳри Кӯлоб шурӯъ аз 13 – уми феврал ҳамарӯза ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ гузаронида мешавад. Дар рӯзи аввали он Ҷамъияти матлуботи шаҳри Кӯлоб, матлуботчиёни ноҳияи Темурмалик, раёсати бозори «Саховат» ва матлуботчиёни ноҳияи Ховалинг 40 тонна орд, 38 тонна картошка, 30 тонна пиёз, 10 тонна сабзӣ ва равғану асалро бо нархи нисбат ба бозор арзон ба фурӯш бароварданд. Маҳсулоти ба фурӯш баровардаи матлуботчиёни ноҳияи Ховалинг истеҳсоли маҳаллӣ буда, сифати хуб дошт. Дар ин фурӯшгоҳ ҳама намуди маҳсулот бо нархи чакана ба фурӯш бароварда шуд. Сокинони шаҳри Кӯлоб ин иқдомро бо хушнудӣ пазируфтанд ва пайваста баргузор намудани чунин ярмаркаҳоро муфид арзёбӣ намуданд. Мувофиқи нақша гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маводи хӯрокӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб то ҷашни Наврӯз идома ёфта, дар он ҳамаи ҷамъиятҳои матлуботи минтақа ширкат меварзанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад






