МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ТАТБИҚИ ЛОИҲА

Февраль 9, 2011 14:23

Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Cамтҳои  Консепсияи нави рушди минбаъдаи системаи обтаъминкунии пойтахт ва марҳилаи дуюми татбиқи он зимни мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо  Кяра Бронкӣ- намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Мавриди зикр аст, ки навбати дуюми татбиқи лоиҳа дар  тӯли 5 сол азхудкунии 12 миллион $ гранти бебозгашти Бонки Ҷаҳонӣ  ва 3 миллион $ маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанберо дар бар гирифта,  хизматрасонии қарзии вазорати молияро дар ин самт  ихтисор менамояд, Раиси шаҳр иброз дошт, ки ҳамкориҳои минбаъда, ки баҳри ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» бо насби ҳисобкунакҳои обӣ барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда ба муштариён нигаронида шудааст, натиҷаҳои нек хоҳад дод ва шаҳрдорӣ омодааст тибқи муқаррароти мавҷуда ӯҳдадориҳояшро оид ба ҳамшарикӣ дар маблағгузории лоиҳа иҷро намояд.   Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар мулоқот мусоҳибон ба хулоса омаданд, ки гурӯҳҳои кории ҷонибҳо дар кӯтоҳтарин муддат санадҳои дахлдорро барои ба тасвиб расонидан таҳияву пешниҳод созанд.

Февраль 9, 2011 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад