МАРГИ 4 НАФАР БАР АСАРИ САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Дар муддати се рӯзи сипаришуда дар шимоли кишвар 4 садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайваст. Бар асари ин садамаҳо 4 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Дар ин бора аз раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Lexus» ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Исфара-Конибом аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи «Opel» бархӯрд. Дар натиҷаи ин ҳодиса ронандаи автомашинаи «Opel» ва се мусофири дар автомашина буда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд ва ронандаи автомашинаи «Lexus» ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардид. Хотиррасон менамоем, ки аз аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 148 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он 58 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, 175 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Бояд зикр намуд, ки 70 фоизи садамаҳои ба вуқӯъ пайваста бо айби ронандагон ба амал омадаанд, зеро онҳо қоидаҳои бехатарии роҳро дуруст риоя намекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад






