ТАҒЙИРОТ БА 5 ҚОНУНИ КИШВАР
Душанбе, 2 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба 5 лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 2 феврал дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, тағйирот ворид карда шуд. Ин қонунҳо «Дар бораи коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ», «Дар бораи биржаи молӣ ва савдои биржавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» ва «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» мебошанд. Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон, Бахтиёр Худоёров вазири адлияи ҷумҳурӣ ва вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат Сафаралӣ Раҷабов, Шарофиддин Сироҷов, Амирбек Маҳмадалиев, Нодира Турдиматова ва Бадриддин Садриддинов роҷеъ ба масъалаҳои зикршуда ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйирот ба қонунҳои мазкур мутобиқ намудани онҳо ба тартиби нави бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи принсипи «равзанаи ягона» аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» муқаррар намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд






