ТОҶИКИСТОН ДАР ОСТОНАИ РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНИСТ
Душанбе, 23 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «11 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ дар бахши нақлиёт дар доираи барномаҳои қарзгирии давлатии берунӣ, ки аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар тасвиб гардидааст, амалӣ гардонида мешавад», гуфт дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумони мамлакат вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов. Ҳаҷми умумии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ беш аз 1 миллиард $ амрикоӣ ё 4, 6 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳаи таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Душанбе — сарҳади Қирғизистон (марҳилаи 1 ва 2 ба маблағи 144 миллион $), сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода (ба маблағи 168 миллион $), роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар (марҳилаи дуюм, 16 миллион $), сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб (93 миллион $), бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бӯстон –Чаноқ (260-296 миллион $), инчунин, сохтмони роҳи Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ (33 миллион $) ва рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе (11, 2 миллион $) аз ҳамин қабиланд. Ба андешаи вазири молияи кишвар дар мавриди амалӣ гардидани ин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар кишвар имконияти мусоид барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ фароҳам омада, иқтисоди ҷумҳурӣ беш аз пеш рушд менамояд, ки ин метавонад ба баланд гардидани сатҳи иҷтимоии ҷомеа такони ҷиддӣ бахшад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд






