ҚОНУНИ НАВ БО ҶИНОЯТКОРӢ МУБОРИЗА МЕБАРАД

Март 3, 2011 11:41

 Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Зарурати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ» мутобиқ намудани он ба меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  забони  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъмини афзалияти ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандон,  мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти давлат аз хатарҳои ҷаҳонӣ, бахусус ҷиноятҳои трансмиллӣ мебошад», гуфт зимни баррасии ин қонун вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-полковник  Абдураҳим  Қаҳҳоров. Бояд тазаккур дод, ки қонуни мазкур, ки аз ҷониби палатаи поёнии парлумони мамлакат қабул шуд, аз 7 боб ва 25 модда иборат буда, ҳанӯз 13 сол муқаддам- соли 1998 қабул гардида,  то ин вақт ба он 9 маротиба тағйиру илова ворид   шудааст. Қонун масъалаҳои марбут ба фаъолияти оперативӣ -ҷустуҷӯиро дар мамлакат ба танзим медарорад.       Бо қабули қонуни мазкур ҳамзамон, зарурат пеш омад, ки вакилон ба 6 қонуни  дигар-  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ» ва ба Кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ ва гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намоянд.

Март 3, 2011 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид