ҲАДЯИ ЭРОН БА ГАНҶИНАИ ТОҶИКИСТОН

Март 25, 2011 15:59

   Душанбе, 25 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Фардо 20 ҳазор китобҳои гуногуни илмӣ, таърихӣ ва адабӣ дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҳадя мегарданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Шариф Тошев,  директори Китобхонаи  миллии ба номи Фирдавсӣ иттилоъ дод. Дар назар аст, ки дар маросими супоридани китобҳо вазирони фарҳанги ҳар ду кишвари форсизабон –Тоҷикистон ва Эрон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Сайидмуҳаммад Ҳусайнӣ, ки бо ҳайати  110 нафара ба Душанбе ташриф овардааст, иштирок менамоянд.      Назар ба иттилои атташеи фарҳангии сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ  ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамзамон, албомҳо, китобҳои электронӣ ва дигар технологияи муосири марбут ба бахши китобдорӣ ҳадя мегардад. Инчунин, ба китобхонаҳои шаҳрҳои Кӯлоб ва Хуҷанд низ адабиёти гуногун тақдим   мешавад.              Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ намоиш ва фурӯши китоб ва дигар адабиёте, ки  дар Эрон нашр гардидаанд, созмон дода шудааст. Дар чаҳорчӯби баргузории Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон, ки ҳадафаш густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон аст, дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ намоиши аксҳо, наққошӣ, ҳунари хушнависӣ, маҳфилҳои адабӣ бо иштироки аҳли илму адаб, инчунин, намоиши филмҳои ҳунарӣ ва намоишномаҳои театрӣ баргузор мегарданд.

Март 25, 2011 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид