ҲХДТ СОҲИБИ РАДИО МЕГАРДАД

Март 4, 2011 14:27

     Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ояндаи наздик Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ радио ташкил менамояд. Назар ба иттилои мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи  Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ  Усмон Солеҳ,  масъалаи ташкили радиои ҲХДТ  чанде пеш дар ҷаласаи Раёсати ҳизб, ки  дар Душанбе баргузор шуд,  баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки дар ин масъала пешниҳодҳо бояд баён   шаванд.      Усмон Солеҳ афзуд, ки дар шароити кунунии ҷомеаи Тоҷикистон таъсиси радиои ҲХДТ талаботи ҷомеа аст. Зеро мавҷи радио, ки хусусияти хоси фарогирии тамоми минтақаҳои кишвар ва оҷилиятро дорад, имкон медиҳад ҷиҳати таблиғу ташвиқи ормонҳо ва фаъолияти ҳизб нақши муассир бозад. Барномаҳое, ки дар радиои ҲХДТ  таҳия ва пахш мегарданд,  гуногун буда, мавзӯъҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию фароғатиро дар бар гирифта, аз фаъолияти густурдаи ҳизб дар минтақаҳои мухталифи кишвар ва навигарию рӯйдодҳои ҷумҳурӣ   хабару гузоришҳо омода мегарданд.                 Мавриди зикр аст, ки ҲХДТ, ки роҳбарии  онро Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, соли 1994 таъсис ёфта, алҳол дар сафи худ беш аз 130 ҳазор нафарро муттаҳид менамояд, ки аз ин шумора беш аз 50 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд.

Март 4, 2011 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд