ҲОЛАТИ ИСТИФОДАБАРИИ ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Масъалаи ҳолати истифодабарии ҷойҳои ҷамъиятии замонавии бисёрошёна барои ғолибони озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе баргузор шуд, баррасӣ гардид. Ҷойҳои ҷамъиятии мазкур дар асоси қарорҳои Раиси шаҳр аз ҳисоби буҷет сохта шуда, барои хизматрасонӣ ва рушди маҳалла ба сокинони маҳаллаи беҳтарин тӯҳфа мегардад. Зикр шуд, ки барои ба низом овардани фаъолияти минбаъдаи онҳо сохтори дахлдори давлатӣ таъсис шавад. Бо ин мақсад ба масъулин супориш дода шуд, ки дар зарфи ду ҳафта пешниҳоди худро ироа созанд. Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов дар ҷаласа ҳамзамон, масъалаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ оид ба ободонию ниҳолшинонӣ ва ҷалби потенсиали ҷамоатчигӣ дар маъракаи мазкур, азхудкунии маблағҳои буҷетӣ дар сохтмони иншооти гуногунтаъиноти шаҳрӣ, рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги ҷашнӣ, демонтажсозии бозори «Баракат» баррасӣ гардида, дар ин самт ба масъулин супоришҳои қатъӣ дода шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд






