ҶАШНИ НАВРӮЗИ АҶАМ ДАР БАДАХШОН

Март 10, 2011 11:30

Хоруғ,  10 март. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). – Дар  намоиши  театрӣ, ки  рӯзи  21 –уми      март дар  ҷашни  Наврӯзи  Аҷам  дар  варзишгоҳи  марказии  шаҳри  Хоруғ  баргузор мегардад,  бештар  аз  900  нафар  ҳунармандон,  донишҷӯёну хонандагон иштирок  менамоянд. Ба  иштирокчиёни  ҷашнвора,  инчунин,  барномаи  рангини  консертӣ  бо  баромади  беҳтарин ҳунармандони  театри  вилоятӣ,  ансамбли «Навои  Бадахшон» — и  шӯъбаи  маданияти  шаҳри Хоруғ  пешкаш  мегардад. Дар  ин  бора  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори  раёсати  фарҳанги  вилоят  М.Пайшанбиев  иттилоъ  дод. М.Пайшанбиев  афзуд, ки чорабиниҳои  асосии   вилоятии  иди  Наврӯз  рӯзи  21 –уми    март дар  шаҳри  Хоруғ, 22  март дар  ноҳияи Ванҷ  баргузор  гардида,  дар  калонтарин  идораву муассисаҳои  вилоятӣ  маҳфилҳои  Наврӯзӣ  бо  риояи  тамоми  суннатҳои  наврӯзӣ  гузаронида    мешаванд. 23 —  уми  март  дар  варзишгоҳи  марказии   шаҳри  Хоруғ  мусобиқа  аз  рӯи   намуди  гӯштини миллӣ бо иштироки  беҳтарин  паҳлавонони  вилоят  дар  назар аст Дар  арафаи  ҷашни  Наврӯз   бо  ибтикори  мақомоти  иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  вилоят,  шаҳру  ноҳияҳо  ва  шахсони  саховатпеша  хатнасури  150  нафар  кӯдак  ва тӯи  арӯсию домодии  50  нафар  фарзандони  оилаҳои  камбизоат  гузаронида  мешавад.

Март 10, 2011 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд