ҶАШНИ НАВРӮЗИ АҶАМ ДАР БАДАХШОН
Хоруғ, 10 март. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). – Дар намоиши театрӣ, ки рӯзи 21 –уми март дар ҷашни Наврӯзи Аҷам дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ баргузор мегардад, бештар аз 900 нафар ҳунармандон, донишҷӯёну хонандагон иштирок менамоянд. Ба иштирокчиёни ҷашнвора, инчунин, барномаи рангини консертӣ бо баромади беҳтарин ҳунармандони театри вилоятӣ, ансамбли «Навои Бадахшон» — и шӯъбаи маданияти шаҳри Хоруғ пешкаш мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори раёсати фарҳанги вилоят М.Пайшанбиев иттилоъ дод. М.Пайшанбиев афзуд, ки чорабиниҳои асосии вилоятии иди Наврӯз рӯзи 21 –уми март дар шаҳри Хоруғ, 22 март дар ноҳияи Ванҷ баргузор гардида, дар калонтарин идораву муассисаҳои вилоятӣ маҳфилҳои Наврӯзӣ бо риояи тамоми суннатҳои наврӯзӣ гузаронида мешаванд. 23 — уми март дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ мусобиқа аз рӯи намуди гӯштини миллӣ бо иштироки беҳтарин паҳлавонони вилоят дар назар аст Дар арафаи ҷашни Наврӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва шахсони саховатпеша хатнасури 150 нафар кӯдак ва тӯи арӯсию домодии 50 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат гузаронида мешавад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






