АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МАТБУОТ

Март 11, 2011 15:02

Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Чун анъана, дар арафаи ин ҷашн аз тарафи вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ собиқадорони соҳа бо тӯҳфаҳо  қадрдонӣ мешаванд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик 26 нафар собиқадорони матбуот ва кормандони нашриёт, муассисаҳои табъу нашр аёдат шуда, барояшон тӯҳфаҳои яквақтаи раиси вилояти Суғд тақдим гардид.       Роҳбари хадамоти матбуоти раиси вилоят Мухтор Абдуллоев бо аъзои раёсати вилоятии  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  ба манзили зисти  собиқадорони  рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» Исроилҷон Исмоилов, Абдумуин Маҷидов, собиқадори  рӯзномаи «Суғд ҳақиқати» Авлиёхон Шукруллоев, собиқадорони  рӯзномаи «Согдийская правда» Анна Колосова, Владимир Тарасов ва собиқадорони   матбуот Хайринисо Ҷӯраева, Эркинҷон Аҳмадов ва Маҳмудҷон  Бобоҷонов рафта, дар баробари муборакбодӣ бо иди матбуоти тоҷик ба онҳо  аз номи раиси вилоят тӯҳфа супориданд.

Март 11, 2011 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ