АЗ РӮИ МЕЪЁР ДОДАНИ БАРҚ БЕКОР НАШУДААСТ

Март 7, 2011 11:27

Душанбе, 7 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Ширкати саҳомии холдингии шакли кушода (ШСХК) –и «Барқи тоҷик» аз 21 –уми феврали соли ҷорӣ бо сабаби кам шудани оби обанбори Норак додани барқи рӯзонаро бекор кард. Айни ҳол маҳдудияти додани барқ аз соати 22 то 5 –и пагоҳӣ  ва аз соати 10 -и пагоҳӣ  то 5 –и  бегоҳ нигоҳ дошта шудааст.   Ба гуфти кормандони мутасаддии ширкати мазкур, меъёри муқарраргардида танҳо баъди зиёд шудани оби Вахш бекор  мешавад. Бо  сард шудани  ҳавои охири феврал ва аввалҳои моҳи март маҷрои дарёи Вахш кам гардид ва дар як шабонарӯз барои истеҳсол намудани 55 – 56 млн. кВт/ соат нерӯи барқ оби обанбор то 68 см. паст мефарояд ва ин боис шудааст, ки аз рӯи меъёр додани нерӯи барқ идома ёбад. Боиси тазаккур аст, ки аз 3 -юми ноябри соли 2010 то 21 –уми феврали соли ҷорӣ ҳамаи ноҳияҳо ба ҳисоби миёна 10 – 12 соат бо барқ таъмин карда шуданд.

Март 7, 2011 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд