БЕНАЗОРАТИИ НАРХ ДАР БОЗОРҲОИ ШАҲР

Март 25, 2011 09:16

    Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Имрӯзҳо харидорони оддии шаҳри Душанбе фаҳмидан мехоҳанд, ки дар боло бурдани нархи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ кӣ сабабгор аст? Дар сурате ки дар ҷумҳурӣ таи  ду – се соли охир маҳсулоти рекордии пахта, картошка ва сабзавот истеҳсол карда шудааст.              Cабабе, ки боиси боло рафтани нарх мегардад,  ин баргузории ҷашну маъракаҳост, ки дар ин рӯзҳо нарх аз тарафи қаллобон ба таври ғайримуташаккил    (стихиявӣ) боло бардошта шуда, минбаъд  дар ҳамон сатҳ нигоҳ дошта мешавад. Масалан агар дар ҷашни иди Қурбон нархи 1кг гӯшт   22 сомонӣ зиёд шуда бошад, дар иди Наврӯз нархи чакка ва дигар маҳсулоти ширӣ боло рафтааст. Масалан агар чанд рӯз пеш аз ид нархи 1кг чакка 9 сомонӣ арзиш дошт, он дар  рӯзҳои ид ба 11 – 12 сомонӣ расид ва агар назорати бозор аз тарафи масъулин ҳамин тавр давом ёбад баъди як ҳафта нархи чакка ба нархи гӯшт баробар хоҳад шуд.    Нархро меҳнати ба маҳсулот  сарфшуда муайян мекунад ва тавре  мебинем имрӯзҳо барои меҳнати сарфнашуда дар маҳсулоти  пӯдинаю бобуна, ҷағ – ҷағу сиёҳалаф ҳам нархҳои осмонӣ монда мешавад, ки он рӯз то рӯз ба беқурбшавии   асъори миллӣ оварда мерасонад.    Пас саволи матраҳи мо ба комиссияи таъсис додаи ҳукумати шаҳри Душанбе оид ба назорати нарх ин аст,  дар мавриде ки нархи 1 кг карам ба 5 сомонӣ, 1кг лаблабу 6,   1 кг картошка 2, 1 кг пиёз   2,5 – 3 сомонӣ, нархи як банча сирпиёз   (иборат аз 3 дона) 2 сомонӣ, як банча шалғамчаи сурх (4 дона) ба 2,5 сомонӣ  расидааст, онҳо чиро назорат мекунанд?    Аз ин маълум мегардад, ки танҳо ҳаннотӣ сабаби беқурбшавии асъори миллӣ дар кишвар мегардад ва пешгирии амали  носавоби онҳо  сабаби мӯътадил нигоҳ доштани пули  миллӣ хоҳад буд.

Март 25, 2011 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд