БОЗДИДИ ПРОФЕССОРИ ТОҶИК АЗ ЭКО

Март 4, 2011 12:38

Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Додихудо Саймиддинов, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ахиран ба узвияти пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон пазируфта шуд, зимни сафар ба Эрон аз муассисаи фарҳангии ЭКО, ки дар Теҳрон мустақар аст, боздид намуд.  Додихудо Саймиддинов зимни мулоқот бо доктор Ҳуҷҷатуллоҳ Аюбӣ, Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО  масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи фарҳангиро баррасӣ намуд.  Додихудо Саймиддинов ба раҳбарияти ЭКО ҷиҳати баргузории ҷашнвораи байналмилалии хушнависон, ки чанде қабл дар Душанбе ташкил шуд, арзи сипос намуда, хостори он гардид, ки ҳамкориҳои фарҳангии ин муассиса бо ниҳодҳои фарҳангию ҳунарии Тоҷикистон бештар густариш ёбанд.         Назар ба иттилои коршиноси бахши фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо, дар мулоқот мусоҳибон, ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши ҳамгунсозии вожаҳо, истилоҳот ва таъбирҳо миёни марказҳои забоншиносии ду кишвари ҳамзабон  – Тоҷикистон ва Эронро баррасӣ намуданд.

Март 4, 2011 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд