БОЗДИДИ ПРОФЕССОРИ ТОҶИК АЗ ЭКО
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Додихудо Саймиддинов, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ахиран ба узвияти пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон пазируфта шуд, зимни сафар ба Эрон аз муассисаи фарҳангии ЭКО, ки дар Теҳрон мустақар аст, боздид намуд. Додихудо Саймиддинов зимни мулоқот бо доктор Ҳуҷҷатуллоҳ Аюбӣ, Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи фарҳангиро баррасӣ намуд. Додихудо Саймиддинов ба раҳбарияти ЭКО ҷиҳати баргузории ҷашнвораи байналмилалии хушнависон, ки чанде қабл дар Душанбе ташкил шуд, арзи сипос намуда, хостори он гардид, ки ҳамкориҳои фарҳангии ин муассиса бо ниҳодҳои фарҳангию ҳунарии Тоҷикистон бештар густариш ёбанд. Назар ба иттилои коршиноси бахши фарҳангии ЭКО Шоҳмансури Шоҳмирзо, дар мулоқот мусоҳибон, ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши ҳамгунсозии вожаҳо, истилоҳот ва таъбирҳо миёни марказҳои забоншиносии ду кишвари ҳамзабон – Тоҷикистон ва Эронро баррасӣ намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






