БОЗДИДИ ВАЗИР АЗ ФАЙЗОБОД

Март 9, 2011 16:54

Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Зимни сафари кории худ ба ноҳияи Файзобод вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов бо вазъи муассисаҳои  таълимии ноҳия  шинос шуд.       Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев вазири  маориф аз мактаби таҳсилоти умумии №1 ва омӯзишгоҳи касбию техникии №24-и ноҳияи Файзобод дидан карда, вобаста ба таъмини  сифати таҳсил  ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон, ба анҷом расонидани корҳои ободонӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани  ҷашни байналмилалии «Наврӯз» ва  20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Март 9, 2011 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд