БОЗОРИ «САХОВАТ»-И КӮЛОБ ТАЪМИР МЕШАВАД

Март 7, 2011 16:18

Кӯлоб,  7 март. (АМИТ «Ховар»,  С.Холов). –  Бахшида ба  ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  масъулини  бозори  марказии «Саховат»  — и  шаҳри  Кӯлоб баҳри  фароҳам  овардани  шароити  мусоид барои соҳибкорон  ба  корҳои  сохтмонӣ  оғоз   карданд, гуфт  директори бозори   марказӣ  Алихон  Шарифов ба хабарнигори АМИТ «Ховар». Айни  ҳол   корҳои  сохтмонӣ дар  дӯконҳои фурӯши  гӯшт,  маҳсулоти  қаннодӣ, фурӯши  меваю  сабзавот ва  дигар  дӯконҳои  дохилии  бозор  идома ёфта сохтмони он  то   моҳи  майи  соли  ҷорӣ ба  итмом  мерасад.  Қобили зикр  аст, ки  бозори  марказии ноҳия дорои  1520 ҷойи  фурӯш мебошад.  Масъулини  бозор  тасмим  гирифтаанд дар арафаи иди  Модарон 8 – уми  март ва  иди  Наврӯзи  Аҷам  маҳсулоти  мавриди ниёзи  мардум, аз  қабили  гӯшт,  биринҷ,  картошка,  пиёз,  мева ва  дигар  навъҳои сабзавотро  ба  ярмарка   бароварда  бо  нархи  арзон  пешкаши мизоҷон гардонанд.

Март 7, 2011 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад