ДАР ДУ МОҲ 1,5 МЛН. СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ МОҲӢ

Март 25, 2011 10:18

Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳҳои январ – феврали соли 2011- ум 1,5 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010  ба миқдори 2,4  баробар зиёд аст.    Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, дар моҳҳои январ – феврали соли 2011 дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ 93 тонна моҳӣ сайд карда шуд. Аз   ҷумла дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон дар давоми ду моҳи аввли соли ҷорӣ ба миқдори 80 тонна ва дар вилояти Суғд 13 тонна моҳӣ сайд карда шудааст, ки 37,5 фоизи онро моҳиҳои намуди пешонағафс (толстолобик), 12,4 фоизашро зағорамоҳӣ ва 50,1 фоизашро дигар намуди моҳиҳо ташкил доданд.    Бо вуҷуди сайди зиёди моҳӣ,  ҳанӯз нархи он  дар бозор  дархӯрди ҳамагнон нест.       

Март 25, 2011 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд