ЭҲЁИ ДУБОРАИ ТАМОКУПАРВАРӢ ДАР ПАНҶАКЕНТУ АЙНӢ

Март 3, 2011 11:05

Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади  рушди  минбаъдаи соҳаи тамокупарварӣ ва амалӣ гардонидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи тамокупарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 — 2015» қарори махсуси раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба тасвиб расид. Мутобиқи ин қарор нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи рушди  соҳаи тамокупарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 — 2015» дар вилояти Суғд тасдиқ гардид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Сарраёсати кишоварзии вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ вазифадор гардиданд бо роҳи истифодаи технологияи интенсивии парвариши тамоку тӯли солҳои 2011 — 2015 на камтар аз 23 — 25 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Ҳамчунин, хоҷагиҳои тамокупарвари ин минтақа бо тухмиҳои навъҳои тамокуи хушбӯи «Вирҷиний», «Остролист» ва «Дюбек» таъмин  мешаванд. Кумитаи заминсозии вилоят, Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби вилоят, Сарраёсати кишоварзии вилоят дар ҳамҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ ҷиҳати аз худ намудани заминҳои нав  барои зиёд намудани майдони кишти тамоку аз ҳисоби обёрикунии заминҳои бекорхобидаи кӯҳӣ, ки дар баландии 1200 — 1400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд,   тадбирҳои амалӣ меандешанд.

Март 3, 2011 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад