ФАХРИ ЭРОН ДАР БОРБАД

Март 3, 2011 16:26

     Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Ба ифтихори 20-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи модар  3 март дар муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии молҳои саноатӣ ифтитоҳ ёфт.     Ин чорабинӣ бо ибтикори Палатаи савдою саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати намоишгоҳии «Сурӯши Хуросон»-и Эрон  бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ масъулини Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони масъули Сафорати Эрон дар Душанбе ширкат намуданд.        Назар ба иттилои намояндаи масъули  ширкати намоишгоҳии «Сурӯши Хуросон» Муҳаммад Умронӣ, ҳадафи намоишгоҳ тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон аст. Дар намоишгоҳ 25 ширкати саноатии Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон маҳсули ҳунарҳои дастӣ, ҷавоҳироту атриёт, қолин, маводи тиббӣ, маҳсулоти хӯрокӣ ва маводу таҷҳизоти гуногуни сохтмониро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.  Хусусан,  ширкатҳои эронии «Фахри Эрон», «АВЕ», «Оротан» «Зармакарон», ки дар бахши истеҳсоли маҳсулоти хӯрокӣ,  маводи тиббӣ,  қолин ва ҷавоҳирот машҳуранд,  дар намоишгоҳ иштироки фаъол доранд. Намоишгоҳ то 8 март идома ёфта, шаҳрвандон  имкон доранд молҳои ниёзи худро дастрас намоянд.

Март 3, 2011 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад