ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ АЗ САНҶИШИ ИКАО МУВАФФАҚОНА ГУЗАШТ

Март 9, 2011 10:35

Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар»,  Мавзуна Бойева). — Ташкилоти байналмилалии авиатсионӣ-ИКАО аз 28 феврали соли ҷорӣ соҳаи ҳавопаймоии ҷумҳуриро мавриди санҷиш қарор дод. Нозирони ИКАО дар қатори дигар ташкилотҳои ҳавопаймоӣ фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо мавриди санҷиш қарор доданд. Фурудгоҳ, ки  зерсохтори асосии соҳаи ҳавопаймоӣ ба ҳисоб меравад, мавриди санҷиши пурра қарор гирифт. Дар фурудгоҳ асосан   омода будани  таъмини амнияти мусофирон, бор ва бағоҷ, таъмини амнияти парвозҳо ва таъмини пурраи амнияти авиатсионӣ санҷида баҳо дода шуд. Роҳбари гурўҳи кории Ташкилоти байналмилалии ИКАО  Карен Садоян иброз дошт, ки фурудгоҳи Душанбе мутобиқи дастур ва нишондоди Ташкилоти байналмилалӣ амал намуда, фаъолияти худро дуруст  ба роҳ мондааст. Карен Садоян гуфт, ки фурудгоҳи Душанбе соли 2006 мавриди санҷиши нозирони ИКАО қарор гирифта бобати ислоҳи баъзе камбудиҳо дастур гирифта буд ва  имрўз маълум гашт, ки фурудгоҳ назар ба солҳои пеш рушд карда, дар таъмини амнияти авиатсионӣ муваффақ шудааст. Надежда Маликова ва Галина Глисченко- нозирони соҳавии ИКАО оид ба фурудгоҳҳо, аэронавигатсия, таъмини хўрок ва маҷмааи таъмини сўзишворӣ баҳо дода таъкид намуданд, ки фаъолияти соҳаи ҳавопаймоиро дар маҷмўъ муваффақ шуморидан  мумкин аст. Дар ҷаласае, ки дар Сарраёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт баргузор шуд, намояндагони хадамоти амниятии фурудгоҳҳои Душанбе, Кўлоб, Қурғонтеппа, ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», «Азия Эрвейс», хадамоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иштирок намуданд. Маълумоти мазкур   ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз котиби матбуоти Фурудгоҳи шаҳри Душанбе Маҳмадюсуф Шодиев дастрас гардид.  

Март 9, 2011 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд