ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ШБҲГ ИДМ ДАР НАВРӮЗИ ДУШАНБЕЮ ҲИСОР

Март 10, 2011 16:09

    Душанбе, 10 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Сидова).- 17 ва 18 марти соли равон дар Душанбе муколамаи байнифарҳангӣ доир ба ҷанбаъҳои муҳимтарини таҳсилот, ҷаласаҳои Раёсат ва Шӯрои байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва машварати ҳамоҳангсози роҳбарони мақомоти соҳавӣ баргузор мегардад. Дар ин чорабинӣ намояндагони кишварҳои  ИДМ –Русия, Украина, Белорусия, Молдова, Арманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.     Назар ба иттилои сухангӯи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, дар ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ дар доираи ИДМ баррасӣ мегарданд.      Ноилшо Нуралиев афзуд, ки дар кори чорабиниҳо муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова ва директори иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии ИДМ Армен Смбатян ширкат меварзанд. Меҳмонон дар маросими таҷлили Наврӯзи байналмилалии Душанбе  ва Ҳисор иштирок менамоянд.

Март 10, 2011 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд