МУОВИНИ НАВИ ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛӢ

Март 11, 2011 17:37

Душанбе, 11 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). – Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори марбутаи Маҷлиси миллӣ Ҳабибулло Воҳидов 11 март дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллӣ  муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.  Ҳамчунин, дар иҷлосия бо Қарори дахлдори Маҷлиси миллӣ  сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи  хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011 тасдиқ гардид.   Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар фарҷоми  иҷлосияи чоруми палатаи болоии парлумон намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо иди касбӣ -Рӯзи матбуоти тоҷик сидқан табрик намуда ба онҳо комёбиҳои беназир орзу кард.

Март 11, 2011 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд