МУСОДИРАИ 630 ГРАММ ГЕРОИН АЗ МИЁНБАНД
Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Чанде қабл кормандони гумруки шаҳри Душанбе боз як ҳодисаи кўшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кормандони гумруки фурудгоҳи раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри рақами 627 самти Душанбе-Москва шаҳрванд Ғафуров Наим, соли таваллудаш 1985-ро дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар гумонбар дониста боздошт намуданд. Дар натиҷа ҳангоми муоинаи шахсии Ғафуров Наим аз либосҳои таҳпӯш ва миёнбанди ӯ 16 адад халтачаҳои селофании дорои хокаи ба маводи мухаддир монанд, ки ба таври пинҳонӣ дӯхта шуда буд, ёфт ва мусодира шуд. Мутобиқи хулосаи коршиносон маводи нашъаовари мусодирашуда навъи героин буда, вазни он 630 граммро ташкил дод. Оид ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда тафтиш идома дорад.








Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






