ОҒОЗИ МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР ҲИСОР

Март 7, 2011 16:06

   Душанбе,   7 март. (АМИТ «Ховар»,  Парасту  Бозорова). – Имрӯз  дар  Маркази  имкониятҳои  ҷавонони  ноҳияи  Ҳисор  бо мақсади  омӯзонидани  нозукиҳои  соҳибкорӣ  таҳти  унвони  «Асосҳои  соҳибкорӣ ва  рушди  тиҷорат»  нақша-  семинари  омӯзишӣ  ба  кори  худ шурӯъ  намуд.    Дар  рафти  ин  семинар, ки  дар кори он  зиёда  аз  80  нафар  ҷавонон иштирок менамоянд, дар  хусуси  гирифтани  қарзҳои  хурд  барои  оғоз  ва рушди  соҳибкорӣ  машғулиятҳо  гузаронида  мешаванд.  Ёдовар  мешавем, ки  семинари мазкур  дар  доираи  лоиҳа  ҷиҳати  фароҳамоварии  имкониятҳои  иҷтимоӣ  ва  иқтисодӣ  барои  ҷавонони  Тоҷикистон аз  тарафи  Бонки  умумиҷаҳонӣ  маблағгузорӣ  шуда,  аз  ҷониби  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҲҶТ  амалӣ  мегардад.    Семинари  мазкур  5  рӯз  идома   меёбад.

Март 7, 2011 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд